Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирсухан ба ҳамоиши 5 президент дар Қазоқистон


Ҳамоиши натиҷаҳои ғайриинтизор. Чунин ном карданд бархе аз таҳлилгарон нишасти саронро дар осоишгоҳи Боровойи Қазоқистон.

Аслан ин ҷамъомад худ як маҷмӯъи падидаҳои ғайримунтазира буд. Аввал онро нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои муштаракулманофеъ номиданд. Баъдан, вақте маълум шуд, ки бархе аз президентҳо намеоянд, нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ номи гирифт, аммо ин ҷо ҳам ҳайати ногунҷои президентҳо сабаб шуд, ки ҷамъомад тағйири ном карда, ба мулоқоти ғайрирасмии чандҷонибаи сарони давлатҳо табдил ёбад.

Ҳарчанд ҳайати ширкаткунандагон муҳим ва муайянкунанда буд, дастикам муайянкунандаи номи нишаст, маълум нест, он дар тасмимгириҳо чи андоза саҳм дошт. Нашрияи "Коммерсант" менависад, ин бештар мулоқоти президентҳои Русия ва Қазоқистон дар ҳалқаи дӯстон буд. Зимнан дар ҳоле ки гуфта мешуд, дар ин ҳамоиш санаде ба имзо нахоҳад расид, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев эъломияи муштаракеро бо номи "Тарҳи амалкардҳои муштараки Қазоқистон ва Русия дар солҳои 2009-2010" имзо карданд, ки аз 40 масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба таркиб ёфтааст. Ва ҳарчанд гуфта мешуд, ҳеҷ масъалаи муайян ва пешакӣ таъиншуда дастури кори ин нишастро ташкил нахоҳад дод, иқтисодиёт ва амният ду риштаи асосии он шуданд.

Бӯҳрони ҷаҳонӣ панҷ президентро водор кард, барои муқовимат бо пайомадҳои он як бунёди 10-миллиарддолларии эҳтиётӣ таъсис диҳанд. Президенти Русия, Дмитрий Медведев гуфт: "Бӯҳрони молиявии ҷаҳон, албатта, ба иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо беш ё кам таъсир мекунад. Вале иқтисодиёти кишварҳои мо, ки дар паси ин мизи мудаввар муаррифӣ мешаванд, ин қадар ба ҳам наздиканд, ки ҳар тағйире ҳатман, хоҳем ё нахоҳем ба иқтисодиёти кишвари дигар асар мегузорад. Биноан бояд амалкардҳои худро дар ин шароит ҳамоҳанг кунем."

Бархе аз нашрияҳо мегӯянд, ташкили бунёди 10-миллиарддолларӣ як тасмиме буд, ки зоҳиран ба рағми президентҳои наомада гирифта шуд. Онҳо гумон доштанд, дар ин нишаст ҳодисаи муҳиме ба амал нахоҳад омад ва бояд барои чунин пешдоварӣ муҷозот шуданд. Як рӯз пас аз нишаст президенти Беларус, Аляксандр Лукашенко, ширкаткунандаи доимии нишастҳои сарон, дар сафаре ба Маскав низ хостори кӯмаки молӣ шуд. Сиёсатшиноси қазоқ Айдос Саримов мегӯяд, дар чунин нишастҳо умдатан санадҳои муҳиме ба имзо мерасанд, вале тақрибан ҳеҷ яке аз онҳо ба иҷро намерасад.

Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин созишҳои дигар, аз ҷумла талошҳои ҳифзи сатҳи феълии гардиши мол миёни Русия ва Қазоқистон, қатъи назар аз бӯҳрон, ризоияти Қазоқистон ба афзоиши ирсоли ғалла ва сӯзишворӣ ба Тоҷикистон, тафоҳуми Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар масъалаи саҳми муҳоҷирон, тафтиши омодагиҳо ба таъсиси иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон, Беларус ва ғайра низ ҳосил гашт.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, додугирифти асосӣ боз ҳам дар миёни Русия ва Қазоқистон иттифоқ афтод ва паёми асосии Қазоқистон ин бор на иқтисодӣ, балки низомию амниятӣ буд. Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев аввалан хостори таъсиси нерӯҳои муштарак дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд ва сониян талабгори чораҳои ҷавобӣ ба вайронкунандагони созишномаҳои адами ҳамла ба якдигар: "Ҳамаи мо дар Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд аз адами ҳамла ҳарф мезадем, аммо низоъи ангехтаи Гурҷистон нишон медиҳад, ки барои он мо таҳримҳо ва масъулияти дастҷамъӣ надорем. Мо инро танҳо дар доираи созишномаи амнияти муштарак сохта метавонем."

Ин изҳороти президенти Қазоқистонро таҳлилгари қазоқ, Досим Соатбоев як нимтаъзиме ба тарафи Маскав медонад, ки ҳадафаш намоиши пуштибонӣ аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ, яке аз ҷиддитарин барномаҳои нуфузталабии Русия дар қаламрави шӯравии пешин аст. Маскав, ба вижа пас аз ҳодисаҳои Гурҷистон хостори тақвияти ин паймон аст ва пешниҳоди ташкили нерӯҳои муштараки кишварҳои узв, ба ақидаи Соатбоев, чизест, ки ҳатман миёни Назарбоев ва Маскав аз пеш ҳамоҳанг шудааст.

Ҷаноби Соатбоев мегӯяд, Назарбоев аз ду бадӣ камтаринашро баргузид, яъне аз шинохти расмии Осетияи Ҷанубиву Абхозистон ва тақвияти низомии Русия аз тариқи Паймони амнияти дастаҷамъӣ, дувумиро. Рӯзномаи "Коммерсант" рӯзи душанбе навишт, раисиҷумҳури Беларус, ки аз ширкат дар нишасти Қазоқистон худдорӣ кард, гӯё ишора додааст, ки кишвараш метавонад, дар ивази кӯмаки молии Русия истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф кунад. мақомоти Минск ин ҳарфи нашрияи бонуфуз ва сабаби ба Қазоқистон сафар накардани Лукашенкоро шаҳр надоданд.

Туркманистон гуфт, мулоқоти Қазоқистон ба сафари президенти Булғористон ба Ишқобод рост омад, аммо Узбакистон шарҳе нашр накард, танҳо ин хабар расид, ки рӯзи аввали нишаст, 19-уми декабр, фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, генерал Дейвид Петреус меҳмони Тошканд буд ва бо мақомоти ин кишвар роҳҳои густариши долони икмолотиро аз Узбакистон ба Афғонистон баррасӣ мекард.
XS
SM
MD
LG