Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Замони қонунигардонии амвол боз тамдид шуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон барои дувумин бор иҷрои Қонуни афви шаҳрвандон бинобар қонунигардонии молу мулкро тамдид кард. Ба гуфтаи вакилон, ин тасмим дар пояи муроҷиати зиёди шаҳрвандон ва тангии фурсат барои расидагӣ ба дархости онҳо гирифта шудааст.

Қонуни афви шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк моҳи майи соли 2007 аз сӯи парлумон ва бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд. Вакилони Маҷлиси намояндагон шаш моҳи пеш ҳам ин қонунро барои ним сол тамдид шуда буданд.
XS
SM
MD
LG