Пайвандҳои дастрасӣ

Талабот ба "кафшҳои Буш" афзоиш меёбад


Ширкати пойафзолдӯзии Стамбул мавсум ба Baydan Shoes, ки қаблан эълон дошт, маҳз кафшҳои тавлиди ин ширкат сӯи раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш партоб шудааст, теъдоди кормандонашро афзоиш дод. Ба гуфтаи масъулини ширкат, рӯзҳои ахир талабот ба кафши мардонаи модели 271, ки акнун “кафшҳои Буш” номида мешаванд, тақрибан чаҳор карат афзоиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 14 декабр дар нишасти хабарии муштараки Ҷорҷ Буш ва сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ хабарнигори шабакаи мустақили телевизионии “Ал-Бағдодия” Мунтазир Зайдӣ ҳарду пойафзоли худро ба нишони нафрат ба сӯи Буш ҳаво дод. Зайдӣ дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд ва айни ҳол дар маҳбас ба сар мебарад.

Дар ҳамин ҳол бародари хабарнигор Дарҳам Зайдӣ изҳор намуд, ки кафшҳо тавлиди худи Ироқанд. Ӯ туркҳоро дар он муттаҳам кард, ки аз аъмоли Мунтазир мафод ба даст оварданианд.

XS
SM
MD
LG