Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содиркунандаҳои газ дар Маскав ҷамъ омаданд


Вазирони энерҷии бузургтарин кишварҳои содиркунандаи газ имрӯз дар як нишаст дар Маскав мавзӯъи ташкили созмони вижаро баррасӣ мекунанд. Ба иттилоъи мақомоти Русия, ҳадаф таъсиси ниҳоде чун ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт нест ва аъзои созмони ҷадид квотаи истихроҷу фурӯши газро муқаррар нахоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки созмони кишварҳои содиркунандаи газ сиёсати энерҷӣ миёни кишварҳои узв ва истеъмолкунандагони газро ҳамоҳанг хоҳад кард.

Ба созмони нав, ки бо ибтикори Русия таъсис мешавад, 13 кишвари дорои захоири бузурги газ, аз ҷумла, Эрон, Қатар, Венесуэла, Либия ва Алҷазоир шомил хоҳанд шуд. Бархе коршиносон мегӯянд, ки ҳадафи Русия аз таъсиси созмон – тақвияти нуфузи сиёсияш дар ҷаҳон аст.
XS
SM
MD
LG