Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Булава" ба нишон нарасид


Озмоиши навбатии мушаки русии “Булава” ноком анҷом ёфт. Хабаргузориҳои Русия бо такя ба манобеъи низомӣ гуфтанд, ки мушак ба ҳадаф нарасида дар фазо мунфаҷир шудааст. Озмоиши мушаки байниқитъавии “Булава” аз соли 2003 ба ин сӯ идома дорад. Аз ҳама озмоишҳои доиршуда тақрибан нисфи онҳо ба шикаст дучор шуданд. Интизор меравад, ки ин мушак аз соли оянда мавриди истифодаи артиши Русия қарор гирад.

XS
SM
MD
LG