Владислав Путилин, ноиби раиси Кумисиюни саноати низомии Русия, мегӯяд, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар давоми се соли оянда бо 70 мушаки ҳастаии стротежӣ таъмин хоҳанд шуд. Ӯ ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ин нақша ҳамчунин барои артиши Русия 48 ҳавопаймои ҷангӣ, 6 ҳавопаймои ҷосусии бесарнишин, беш аз 60 чархболи низомӣ, 14 киштии ҷангӣ ва тақрибан 300 тонкро пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Путилин, арзиши аслиҳа барои солҳои 2009 - 2011 4-триллион ё тақрибан 140 миллиард долларро ташкил медиҳад.