Пайвандҳои дастрасӣ

Як узви "Толибон" дар ИМА ба ҳабси абад маҳкум шуд


Дар Амрико як узви ҷунбиши Толибони Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир ва терроризм ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Хон Муҳаммад, зодаи вилояти Нангарҳор, нахустин касест, ки бар асоси қонунҳои ИМА барои қочоқи маводди мухаддир муттаҳам ва ба ҳабс маҳкум мешавад. Муҳаммад, ки соли 2007 аз Афғонистон ба Амрико омадааст, моҳи майи соли ҷорӣ муттаҳам дониста шуда буд.

Додситонҳои Амрико вайро муттаҳам карданд, ки ӯ ба Амрико ҳероин интиқол медодааст ва даромад аз онро барои кумак ба "Толибон" сарф мекардааст. Муҳаммад барои харидории мушакҳое, ки баъдан барои ҳамла ба нерӯҳои Амрико дар фурудгоҳи Ҷалолобод истифода шудааст, муттаҳам дониста шуд.

XS
SM
MD
LG