Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Ҳиндустон ба Покистон


Ҳиндустон ба Покистон номаеро тақдим кардааст. Гуфта мешавад, ин номаро марди мусаллаҳе навиштааст, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои террористӣ дар Мумбай боздошт шуда буд.

Дар ҳамлаҳои терористии Мумбайи Ҳиндустон 170 нафар кушта шуда буданд. Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ягона марди мусаллаҳи боздоштшуда бо номи Муҳаммад Аҷмал Амир Қассоб гуфтааст, ки вай ва 9 нафари дигар аз ҳамсангарони мусаллаҳи кушташудааш аз Покистон будаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин нома аз зиндони "Касаб"-и Ҳиндустон аз Покистон мадад хостааст.

Покистон то ҳол эътироф накардааст, ки ҳамлакунндагони Мумбай аз Покистон будаанд ва гуфтааст, ки Ҳиндустон барои ин далеле пешниҳод накардааст.
XS
SM
MD
LG