Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба Русия аз фурӯши мушак ба Эрон


Як мақоми аршади низомии Амрико, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" гуфтааст, Амрико гумон дорад, ки Русия ба Эрон мушакҳои "Замин ба ҳавои S-300"-и худро мефурӯшад.

Ин манбаъ меафзояд, агар чунин кор дуруст бошад, дар он сурат ба нерӯҳои Амрико дар Афғонистон хатар таҳдид мекунад.

Ожонси давлатии судури аслиҳаи Русия таъйид кардааст, ки Эронро бо аслиҳаи дифоъӣ, аз ҷумла бо мушакҳои "Замин ба ҳаво", таъмин мекунад. Вале дар ҳамин ҳол Роберт Вуд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, гуфтааст, ки Амрико мехоҳад дар ин бора аз Русия маълумот бигирад.
XS
SM
MD
LG