Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба тамдиди эътибори САҲА мухолифат кард


Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) эълом еамуд, ки дар поёни соли ҷорӣ фаъолияти худро дар Гурҷистон қатъ мекунад, зеро Русия ба тамдиди эътибори намояндагии САҲА дар Гурҷистон мухолифат кардааст.

Русия мехоҳад, нозирони ҳуқуқи башари САҲА дар Гурҷистонро тақсим кунад ва он бозтоби шинохти Русия аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба унвони кишварҳои мустақил арзёбӣ шавад. Аммо Ҷулӣ Финлӣ, намояндаи Амрико дар САҲА, бо ишора ба Русия гуфт: "Он чӣ имруз рух дод, барои ман таъаҷҷубовар буд. Ман аз ин қудрати муҳим рафтори нармтару ҳамкорӣ интизор будам. Ин нишондаҳандаи он аст, ки Русия барои ҳадафи худ, яъне аз дохил хароб кардани САҲА, замина фароҳам мекунад".

Александр Стафф, вазири хориҷаи Финлонд, низ чунин иқдоми Русияро таассуфовар хонд, вале имкони идомаи музокирот роҷеъ ба ин масъаларо дар соли нав истисно надонист.

XS
SM
MD
LG