Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ҳангомасози Лукашенко дар Маскав


Президенти Беларус Аляксандр Лукашенко имрӯз аз Русия даъват кард, ба кишвараш дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ кӯмак кунад, зеро ин ба манфиати худи Русия низ хоҳад буд Аммо ҳангоми сӯҳбат бо президенти Русия Дмитрий Медведев Лукашенко пойфишорӣ кард, ки мақсадаш илтиҷо кардан аз Руситя нест: "Ман мехоҳам расман ин овозаҳоро рад кунам, ки гӯё қарпиб ба зону зада аз Кремл чизе мехоста бошам. Ман руирост мегуям, мо имруз ҳеҷ чизе пурсиданӣ нестем."

Нашрияи Русии "Коммерсант" навишт, ки мумкин аст, Белорус дар ивази нархи барояш муносиби гази Маскав шинохти расмии Осетияи Ҷанубхӣ ва Абхозистонро пешниҳод кунад. Ҳамин нашрия инчунин менависад, Беларус хостори 3 миллиард доллар қарз аз Русия аст, дар ҳоле ки Маскав мехоҳад, назорати корхонаи давлатии беларусии интиқоли газро ба ихтиёри худ дарорад.
XS
SM
MD
LG