Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод гуфтушунид бо Толибонро мехоҳад


Сафири ИМА дар СММ гуфтааст, Вошингтон ва Кобул ба хотири эътидол дар Афғонистон бояд бо толибҳои мӯътадил гуфтушунид кунанд.

Сафир Залмай Халилзод ин маъниро дар мусоҳиба бо шабакаи телевизинии СиЭнЭн замоне дар миён гузошт, ки ИМА эълом кард, ба минтақаҳои ошӯбзадаи ҷанубӣ ва ҷанубушарқии Афғонистон аз 20 то 30 ҳазор сарбози нав хоҳад фиристод. Залмай Халилзод гуфт, бояд бо аносире дар миёни толибҳо, ки оштипазиранд, музокира кард, аммо барои ин нахуст бояд ҳукумати Кобул тақвияти бештар ёбад.

Ин изҳороти Халилзод Сафири ИМА дар СММ ва эълони афзоиши нерӯҳои Амрико дар минтақаҳои ошӯбзадаи ҷанубӣ ва ҷанубушарқии Афғонистон аз 20 то 30 ҳазор нафар аз нигоҳи таҳлилгари сиёсии афғон Аҳмад Вардак дар Порис ду амали ҳамоҳангшудае мебошанд, ки ҳадаф доранд, Толибонро ба гуфтушунид водор кунанд. Аҳмад Вардак мегӯяд, бар тибқи хабарҳои ахир, мавзеъгирии толибҳо низ рӯ ба нармиш овардааст ва онҳо акнун хуруҷи нерӯҳои байнулмилалиро талаб намекунанд, балки мехоҳанд, замонбандии дақиқи ин хуруҷ омода гардад. Сониян мехоҳанд, нерӯҳои онҳо дар Артиши миллии Афғонистон саҳм дошта бошанд. Ба ақидаи Вардак, ин ду талаб барои Кобул ва Вошингтон қобили қабуланд, аммо масъалае ки боқӣ мемонад, ин аст, ки толибҳо қонуни асосии Афғонистонро бипазиранд. Дар он ҳол, роҳ барои гуфтушунид бо толибҳо комилан ҳамвор мешавад.

Вале коршиносон дигар ба муваффақияти чунин гуфтугушунидҳо шубҳа доранд. Онҳо мегӯянд, Толибон як созмони муташаккил ва том нестанд, дар байни гурӯҳҳои мухталиф тақсим шуда, ҳар кадом аҳдофи худро дорад. Муҳимтар аз ҳама толибҳои марбут ба ал-Қоида ҳамоно ба ҷиҳоди ҷаҳонӣ ва зарба ба Ғарб тамаркуз доранд.

Вардак ин ишораро ҳам мекунад, ки таъмини амният дар ростои интихоботи президентии соли ояндаи Афғонистон ҳаётан муҳим мебошад ва афзоиши нерӯҳои Амрикову даъват ба гуфтушунид аз ин ҷо низ маншаъ мегирад.

Толибон дар ин байн ин таҳаввулотро ба тамасхур гирифтаанд. Юсуф Аҳмадӣ, шахсе ки худро сухангӯи толибҳо меномад, ба хабарнигорон гуфтааст, эълони афзоиши нерӯҳои Амрико ба афзоиши нерӯҳои шӯравӣ дар солҳои 1980-ум монанд аст, ки натиҷааш фақат афзоиши талафоти ин нерӯҳо шуд ва ба манфиати муҷоҳидин буд.

Коршиноси дигар Насруллоҳ Станакзай дар Кобул гуфтааст, ҷангҳои 30 соли охири Афғонистон нишон дод, ки масъалаи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва танҳо рушди иқтисодию иҷтимоӣ метавонад, мушкилро ҳал намояд.
XS
SM
MD
LG