Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сафир бо донишҷӯёни тоҷик


Асомиддин Саидов, сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар арафаи соли нави 2009 бо донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар мулоқот доир намуд.

Дар ин мулоқот қариб ҳамаи донишҷӯёни тоҷик ширкат карданд, ки гуфта мешавад, теъдодашон то 150 нафар мерасид. Намояндагони созмони иҷтимоъии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ низ ба ин чорабинӣ даъват шуда буданд.

Асомиддин Саидов гуфт, кормандони сафорати Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар арафаи соли нав донишҷӯёни тоҷикро гирди ҳам оваранд ва онҳоро дар гирди миззи идона табрику шодбош гӯянд. Ҷаноби сафир ба дунболи он афзуд, ҳар як донишҷӯи тоҷик бояд саъй намояд, ки дар Қирғизистон аз забону фарҳанг ва расму ойинҳои миллии худ дифоъ кунад.

Асомиддин Саидов афзуд, ки сафорати Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ба донишҷӯёни тоҷик дасти кӯмак дароз намояд. Воқеъан ин мулоқот оҳиста ба як маҳфили ширу шакар мубаддал шуд. Донишҷӯён гурӯҳ-гурӯҳ баромада, ҳунари худро нишон доданд. Аз ҷумла Насиба ном донишҷӯдухатри тоҷик аввал шеъри «Ватан»-и Озод Аминзодаро қироъат кард ва ҳамаро мафтун сохт. Баъд як суруди тоҷикӣ хонд. Як гурӯҳи донишҷӯён дар бар либосҳои миллӣ зери навои оҳанги бадахшонӣ рақси дилнишин иҷро карданд, ки мӯъҷиби кафкӯбиҳои зиёди аҳли маҳфил гардид.

Дар маҳфил овозхони маъруфи тоҷик Амриддин Кабирӣ низ ҳузур дошт ва онро шукӯҳи бештар бахшид. Дар поёни мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ин гуна чорабиниҳо зуд-зуд роҳандозӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG