Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши нерӯҳои ҳавоии Покистон


Нерӯҳои ҳавоии Покистон имрӯз бар фарози чанд шаҳри Покистон парвозҳои тамринӣ анҷом доданд. Ин размоишҳо, ки пайомади афзоиши ҳушмандӣ унвон шудаанд, дар ҳоле ҷараён гирифтанд, ки шиддат миёни Покистон ва Ҳинд бар пояи ҳамлаи даҳшатафканон ба Мумбай рӯ ба афзоиш дорад. Аввали моҳи декабр Исломобод нерӯҳои ҳавоии Ҳиндро айбдор кард, ки ба ҳарими ҳавоии Лоҳур ва қисмати Кашмир, ки зери назорати Покистон аст, ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG