Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноқаноатмандии Ҳинд аз бархӯрди Покистон бо терроризм


Ҳиндустон мегӯяд, ҷомеаи байнулмилал ба Покистон дар масъалаи бархӯрдаш бо даҳшатафканӣ фишори кофӣ намеорад. Вазири умури хориҷии Ҳиндустон, Пранаб Мукерҷӣ гуфт, кишвараш интизор дорад, Покистон муносибаташро бо аносире, ки терроризмро як иҳроми сиёсати давлат медонанд, муайян кунад. Вай ин нуктаро дар ҳамоиши сафирони Ҳиндустон баён дошт, ки барои баррасии ҳамлаи даҳшатафканон дар Мумбай гирд омадаанд. Дар ин ҳамлаи моҳи гузашта 170 нафар кушта шуд ва Ҳинд ситезаҷӯёни созмони покистонии Лашкари тайибаро масъули ҳамлаҳои 26-уми ноябр медонад.
XS
SM
MD
LG