Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулини “Тоҷикгаз” мегӯянд, ширкати “Узтрансгаз”-и Узбакистон барои 1000 метри мукааб газ дар соли 2009 аз ҷониби Тоҷикистон 300 доллари амрикоӣ тақозо кардааст, ки қиммати хеле номувофиқ аст.

Фатҳиддин Муҳсиддинов, раиси ширкати “Тоҷикгаз” дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” аз қиммати пешниҳодкардаи ҷониби Узбакистон барои гози табиӣ нигаронӣ кард ва гуфт, ин нархи пешниҳодшуда барои гази воридшавандаи Узбакистон ниҳоӣ нахоҳад буд ва ҷониби Тоҷикистон барои поин бурдани ин қиммат талош ва бо Ӯзбакистон гуфтугӯро идома хоҳад дод. Вале, оқои Муҳиддинов гуфт, дар сурати пофишории ҷониби Узбакистон ба нархи пешниҳодии 300 доллари амрикоӣ ба 1000 метри мукааб газ, Тоҷикистон ноилоҷ ба ин пешниҳод розӣ хоҳад шуд.

Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, пайёмади афзоиши қиммати гази табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон хеле ногувор хоҳад буд ва мӯътақиданд, ки Узбакистон нархи гази худ ба Тоҷикистонро аз қиммати пешниҳодкарда поин нахоҳад кард. Ба қавли Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва раиси кумитаи саноат, энержӣ, сохтмон ва мухобироти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба иллати имконоти маҳдуди энержии Тоҷикистон, Узбакистон пофишории худ дар мавриди қиммати гази табии содиротиаш ба ин кишварро идома хоҳад дод ва ин боиси зарба ба иқтисоди Тоҷикистон, ҳамчунин, гаронтар шудани қиммати тарҳҳои рӯидастгирифтаи энержӣ хоҳад шуд.

Афзоиши қиммати газ аз қабл сокинони кишвар, ба хусус пойтахти Тоҷикистонро ба ташвиш гузоштааст ва бархе хонаводаҳо бо иллати надоштани қудрати пардохти қиммати гази табиӣ дар ин фасли сармо аз истифода аз газ бо ихтиёри худ худдорӣ ва хати лӯлаи гази манзилашонро аз шабакаҳои умумии интиқоли газ қатъ кардаанд. Ва аксаран далел меоранд, ки бо инчунин қиммати гарон беҳтар аст аз нерӯи барқ истифода баранд.

Узбакистон ҳар сол бо далели афзоиши нархи газ дар бозори ҷаҳонӣ қиммати гази содиротии худро афзоиш медиҳад. Дар соли 2006 Тоҷикистон 1000 метри мукаааб газро аз ин кишвар бо қиммати 55 доллари амрикоӣ, соли 2007 100 доллар ва соли сипаришавандаи 2008 145 доллар харидорӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG