Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тошканд нархи газро барои Тоҷикистон $300 эълон кард


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нархи пешниҳодии Узбакистон -- 300 доллар барои ҳазор метри мукааб газ, барояшон қобили қабул нест. Мудири кулли корхонаи давлатии "Тоҷикгаз" Фатҳиддин Мӯҳсиддинов гуфт, ба ин сабаб гуфтушунид бо Тошканд қатъ шудааст ва танҳо пас аз тасмими ҳукумати Тоҷикистон Душанбе нархи худро эълон хоҳад кард. Дар гуфтушуниди Тошканд, тарафи Тоҷикистон дархост кардааст, нархи газ дар сатҳи имсола, яъне 145 доллар барои ҳазор метри мукааб боқӣ монад. Аммо Узбакистон барои Тоҷикистон ва Қирғизистон нархи 300 доллариро пешниҳод кардааст ва коршиносон тахмин мезананд, ки тарафҳо дар 260-280 ба тафоҳум хоҳанд расид.
XS
SM
MD
LG