Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин варзишгарони соли 2008


Юсуф Абдусаломов
Юсуф Абдусаломов

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2008-ро эълон кард.

Ба иттилоъи раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, мувофиқи натоиҷи назархоҳӣ ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоанд:

Юсуф Абдусаломов – барандаи медали нуқраи Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпӣ оид ба гуштии озод дар вазни то 84 кг;

Расул Боқиев – барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин оид ба гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг;

Ҷаҳон Қурбонов – ҷои панҷум дар Олимпиадаи Пекин ва барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии бокс дар вазни то 81 кг;

Расул Боқиев
Анвар Юнусов
– ҷои панҷум дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи бокс дар вазни то 51 кг;

Дилшод Назаров – ширкаткунандаи сабқати ниҳоии зӯртарин гурзандозҳо дар Олимпиадаи Пекин ва ғолиби мусобиқоти байнулмилалӣ;

Толеъ Холназаров – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ дар вазни 110 кг бо натиҷаи умумии 950 кг дар сеҳарбаи қудратӣ;

Набимуҳаммад Хоркашев – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 100 кг;

Шаҳло Муҳаммадраҳимова – қаҳрамони Осиё оид ба таэквон-до ITF дар вазни то 45 кг;

Ҷаҳон Қурбонов
Акмал Қодиров
– қаҳрамони Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ байни варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг;

Хуршед Маҳмудов – капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон.

Раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов афзуд, дар назархоҳӣ 62 нафар хабарнигорони соҳа, ки дар матбуот, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоъотӣ фаъолият доранд, ширкат варзиданд. Онҳо дар пурсишнома, ҳамагӣ 32 варзишгарро, ки намояндаи 14 навъи варзишанд, номбар кардаанд.

Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломҳои Ассотсиатстияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG