Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос дар Маскав бо Медведев мулоқот мекунад


Имруз Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав дидор ва гуфтугу мекунад. Ин нахустин мулоқоти Маҳмуд Аббос бо Дмитрий Медведев аст. Раиси ҷумҳури Русия ба нақша гирифтааст, ки дар Маскав мизбонии як конфронси байналмиллалиро дар бораи Ховари Миёна бар уҳда бигирад. Маҳмуд Аббос шоми дируз аз Чеченистон вориди Маскав шуд. Дар Чеченистон Маҳмуд Аббос ба ин ҷумҳурии худмухтори Русия, ки аз солҳои 1990-ум даргири ҷанг будааст, ояндаи дурахшоне орзу кард. Вай баъд аз мулоқоташ бо Рамазон Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон суханони худро ба забон овард.
XS
SM
MD
LG