Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ниҳоди нави бӯҳронии Барак Обама


Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама

Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама

Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама гурӯҳи наверо муаррифӣ намуд. Ин ниҳоди нав муваззаф аст ба оилаҳое, ки дар вазъи бӯҳрони молӣ бо мушкилиҳо рӯбарӯ шудаанд, ёрӣ расонад.

Барак Обама иброз дошт, ки ба ҳайси кӯмак тарҳи эҳёи иқтисоди кишвар густариш меёбад ва акнун ин гурӯҳ кӯшиш мекунад, то се миллион ҷои кориро ҳифз намояд.

Сарварии Комиссияи вижаи Кохи сафед дар умури оилаҳои заҳматкашро муъовини раисиҷумҳури мунтахаб Ҷо Байден бар ӯҳда хоҳад дошт. Вазифаҳои аввалиндараҷаи ин ниҳод густариши таҳсилу тамрин ва ҳифзи даромаду пасандозҳои қишри миёна ва оилаҳои коргар мебошад. Зимни маъракаи интихоботӣ Барак Обама маҳз ба ин қишри ҷомеъаи кишвар тамаркуз мекард. Ин қишри ҷомеъа нисбатан осебпазир аст ва метавонад ба осони ҷои корашро аз даст диҳад.

Ҷо Байден дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии “Эй-Би-Си” эътироф кард, ки вазъи иқтисодии кишвар аз он чи ки вай ва Обама тасаввур мекарданд, хеле бадтар аст. Байден афзуд, вазъи оилаҳои заҳматкаш осебпазир аст ва онҳо кӯшиш мекунанд ин вазъро беҳбуд бахшанд.

Як узви гурӯҳи интиқоли қудрат гуфт, пешбиниҳои ноумедкунандаи иқтисодӣ Обмаро водор хоҳанд кард, ки баъд аз сари ҳукумат омаданаш 20 январи соли оянда нақшаи ташкили дуввуним миллион ҷои кории навро бознигарӣ карда, ба тарҳи эҳёи иқтисодӣ кишвар ҳадафи нав ворид кунад ва ин ҳифз ва эҷоди се миллион ҷои корӣ дар тули ду соли оянда хоҳад буд.

Моҳи гузашта Обама нақшаи эҳёи иқтисодро муррифӣ карда, аз ҷумла гуфта буд, ки мехоҳад дувуним миллион ҷои кориро ҳифз ва эҷод кунад, молиёти қишри миёнаро поин барад ва ба барномаҳои давлатии сохтмони роҳҳо, инкишофи нақлиёти оммавӣ, густариши нигаҳдории тандурустӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ пули бештар сармоягузори кунад.
XS
SM
MD
LG