Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои пешгирӣ аз тазоҳуроти эътирозӣ дар Руссия


Дар шаҳрҳои мухталифи Руссия бар зидди боло бурдани нархи автомобилҳои сохти хориҷӣ ва боло бурдани нархи бензин тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд. Дар шаҳри бандарии Владивосток тақрибан 1000 нафар ба тазоҳурот баромаданд ва нируҳои пулис талош доштанд аз ин тазоҳурот пешгирӣ кунанд. Бахши русии радиои Озодӣ хабар додааст, ки ҳудуди 20 нафар тазоҳуркунандагон боздошт шудаанд ва шуморе аз ширкаткунандгон ва рузноманигороне, ки барои пахши ҷараёни тазоҳурот омада буданд, аз суи пулис шаллоқ зада шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳрҳои Маскав ва дар Южно-Сахалинск низ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ шуморе аз тазоҳуркунандагон боздошт шудаанд. Аммо дар тазоҳуроти Санкт-Петербург задухурд мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG