Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти нируҳои ғайриамрикоӣ дар Ироқ чӣ мешавад?


Имруз порламони Ироқ дар бораи сарнавишти баъдии нируҳои ғайриамрикоӣ дар Ироқ рай медиҳад. Бино ба гузоришҳо, дар ин бора миёни намояндагони порламон тавофуқи муққадамотӣ ҳосил шудааст ва мумкин аст онҳо имруз ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи истиқрори ин нируҳо баъд аз соли 2008 низ рай диҳанд. Аммо рузи шанбе намояндагони порламон ин қатъномаро, ки баъд аз хатми муҳлати эътибори қатъномаи СММ идомаи ҳузури ин нируҳо дар Ироқро иҷоза медиҳад, рад карда буданд. Ин қатънома ба ҳукумат иҷоза медиҳад, ки бо ҳар кишвар ба таври алоҳида созишнома имзо кунад. 140-ҳазор нафар нируҳои Амрико низ қаблан иҷозаи идомаи ҳузури худ дар Ироқро пайдо карда буданд.

XS
SM
MD
LG