Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон дафтари Маркази ҳуқуқи башарро бастанд


Нируҳои амниятии Эрон дар дафтари Маркази ҳуқуқи башар дар Теҳрон амалиёте анҷом додаанд ва ин дафтарро, ки аз соли 2003 тавассути Ширин Ибодӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел раҳбарӣ мешуд, бастаанд. Наргис Муҳаммадӣ-муовини ин маркази ҳуқуқи башар ба бахши Фардои радиои Озодӣ гуфтааст, кормандони нируҳои амниятӣ бо либоси махсуси худ дар шимоли Теҳрон вориди дафтари маркази ҳуқуқи башар шудаанд. Хонум Ибодӣ ин амалро ғайриқонунӣ хондааст ва гуфтааст, нируҳо барои вуруд ба дафтар санади ҳуқуқӣ надоштаанд.
XS
SM
MD
LG