Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар 3 шаҳри Русия


Имрӯз дар чандин шаҳри Русия ба нишони эътироз ба афзоиши молиёт ба воридоти мошинҳои сохти хориҷӣ ва болоравии нархи маводи сӯхт тазоҳурот доир шуд. Дар шаҳри Владивосток, дар соҳили уқёнуси Ором, дар тазоҳурот то 1 000 нафар ширкат доштанд. Хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, пулис беш аз 20 тан аз тазоҳургарон ва хабарнигоронеро, ки ҷараёни эътирозҳоро пайгирӣ мекарданд, боздошт кард. Ӯ мегӯяд, нирӯҳои пулис шуморе аз тазоҳургарон ва журналистонро латукӯб кардаанд. Тазоҳуроти эътирозӣ имрӯз дар шаҳрҳои Южно-Сахалинск ва Маскаву Санкт-Петербург низ баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG