Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Эрон дафтари Ширин Ибодиро баст


Пулиси Эрон имрӯз дафтари як гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башарро, ки ба он барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ раҳбарӣ мекунад, баст. Наргис Муҳаммадӣ, муовини раҳбари Конуни мудофеъони ҳуқуқи башар, гуфт, пулис ба дари дафтари онҳо мӯҳр зада, ба кормандонаш гуфтааст, ки бидуни сарпечӣ тарки дафтар кунанд. Ширин Ибодӣ мегӯяд, дар ҳавлии дафтари ин гурӯҳ дар шимолу ғарби Теҳрон даҳҳо тан аз маъмурони пулис ҷамъ шуда буд, вале мақомот танҳо бо ифшои шумораи дастури додгоҳ иктифо карда, худи дастурро нишон надодаанд. Конуни мудофеъони ҳуқуқи башар аз мунаққидони ангуштшумори вазъи ҳуқуқи инсон дар Эрон ба ҳисоб мерафт.
XS
SM
MD
LG