Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдуллоҳӣ аз ҳабси хонагӣ озод шуд


Бино ба хабарҳо, хунтаи низомии Мавритания раисиҷумҳури тавассути табаддулоти давлатии моҳи август барканоршудаи ин кишвари африқоӣ Сидӣ Шайх Абдуллоҳиро имрӯз аз ҳабси хонагӣ озод кардаааст. Абдуллоҳӣ аз 6 август ба ин сӯ дар манзилаш дар шаҳри Лемден таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт. Шаби гузашта мақомоти амниятии хунта ӯро аз ин ҷо бурданд, ки билофосила нигарониҳо дар бораи амнияти Сидӣ Абдуллоҳиро ба бор овард. Аммо манобеъи сиёсӣ мегӯянд, ки ӯро ба манзилаш дар пойтахт, шаҳри Новакчот кӯчонида, аз ҳабси хонагӣ раҳояш кардаанд. Амрико ва Фаронса ба дунболи табаддулоти моҳи август тавзеъи кӯмакҳо ба Мавританияро қатъ карда, раҳоии Шайх Абдуллоҳиро талаб мекарданд.
XS
SM
MD
LG