Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ғайриоддии талоқи духтари ҳаштсола


Додгоҳи Арабистони Саудӣ дархости талоқ барои духтари ҳаштсолаеро, ки падараш ба як марди 58-сола ба шавҳар додааст, радд кард. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Абдуллоҳ Ҷтилӣ, як вакили мудофеъи дахил дар ин қазия навишт, ки қозӣ дархости модари он духтарро ба ин далел радд кардааст, ки ӯ ҳаққи чунин муроҷиъатро надорад. Бар асоси ҳукми додгоҳ, бояд худи духтар баъд аз расиданаш ба синни балоғати ҷинсӣ ба додгоҳ муроҷиат кунад. Вакили мудофеъ мегӯяд, он духтар ҳатто хабар надорад, ки ӯро ба шавҳар додаанд. Ба гуфтаи хешовандон, падари духтар шарти лафзие пеш гузошта, ки ин ақди никоҳ то 10 соли дигар, яъне то ба синни 18 расидани духтараш, ҳукми иҷро намегирад.
XS
SM
MD
LG