Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ дар Ховари Миёна


Имрӯз силсилаи ҳамалоти мушакӣ алайҳи шаҳрҳои Исроил аз навори Ғаза мушоҳида шудааст. Нирӯҳои ҳавоии Исроил ба ин ҳамалот низ бо оташи мушакҳо посух додаанд. Мақомоти наҷотбахши Исроил мегӯянд, ки як мушак ба манзиле дар шаҳри Сдерот асобат карда, бар асари як ҳамлаи дигари мушакӣ як фермери исроилӣ ҷароҳати сабук бардоштааст. Гурӯҳи ҷангии фаластинии Ҷиҳоди исломӣ масъулияти ҳамлаҳои нави мушакӣ алайҳи Исроилро бар ӯҳда гирифтааст. Дар посух як ҳавопаймои исроилӣ алайҳи шимоли борикаи Ғаза оташ кушод, вале дар бораи кадом хисороти ҷонӣ ба бор овардани ин мушакандозӣ то ҳол гузориш нарасидааст. Мавҷи нави хушунат дар минтақа дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки қарордоди нимсолаи оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи Ҳамос, ки навори Ғазаро таҳти назорат дорад, рӯзи ҷумъа поён ёфт.
XS
SM
MD
LG