Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори захмиён дар таркиши Маскав ба 13 расид


Пулиси Маскав мегӯяд, шумори захмиён бар асари инфиҷори дирӯза дар бозори воқеъ дар назди истгоҳи “Пражская” дар пойтахти Русия ба 13 нафар расидааст. Яке аз маҷрӯҳон кӯдаки 8-сола будааст. Сухангӯи пулис ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, 12 захмӣ то ҳол дар бемористонҳо таҳти табобат қарор доранд. Пулис мегӯяд, рӯзи шанбе дар бозори назди истгоҳи “Пражская” бомби худсохт мунфаҷир шуда, дар иртикоби ин ҳодиса бо иттиҳоми “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG