Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон


Дар ин дастгоҳи газ феълан имкони ғизо пухтан нест...

Дар ин дастгоҳи газ феълан имкони ғизо пухтан нест...

Ширкати амрикоии «Tetis-Tajikistan Ltd» мехоҳад то ду соли дигар ниёзи Тоҷикистонро ба гози табиӣ бо гази худӣ бароварда созад.

Дэвид Робсон, раиси ин ширкат, мегӯяд, таъмини куллия ниёзи Тоҷикистон ба гази табиӣ то ду соли дигар имконпазир аст. Ба қавли оқои Робсон, дар зудтарин фурсат ин ширкат ба интиқоли шабонарӯзии то 150 000 метри мукаъъаб гази табиъӣ ба шаҳри Душанбе оғоз хоҳад кард. Ин дар пайи мавриди истифодаи дубора қарор додани кони гози "Комсомол" дар атрофи пойтахти Тоҷикистон мумкин гаридааст. Д. Робсон мегӯяд, ширкати Tetis-Tajikistan Ltd» тибқи созишнома барои истихроҷи нафту гази Тоҷикистон 25 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.

Мувофиқи созишнома, мегӯяд ӯ, 100 дарсад маблағи сармогузорӣ аз мост ва дар сурати истеҳсоли газ 70 дарсади он аз ширкат ва 30 дарсади он моли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ширкати «Tetis-Tajikistan Ltd», моҳи июни соли ҷорӣ бо давлати Тоҷикистон барои корҳои иктишофу истихроҷи нафту газ дар ҷануби кишвар созишнома баста, ба кор оғоз кардааст. Бар асоси ин созишнома ширкати амрикоӣ, дар навбати аввал конҳои нафту гази Хоҷа Сартез ва Балҷувонро барқарор карда, корҳои иктишофии геологӣ ва кушоиши конҳои нави нафту газро дар ҷануби кишвар ба роҳ мемонад.

Девид Робсон мегӯяд, соли оянда ширкати онҳо барои баррасии масоили зилзилашиносӣ дар маҳалли конҳои гози табиъӣ дар Тоҷикистон низ ҳудуди 10 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Ин ширкат то имрӯз кони гази "Хоҷа-Сартез"-ро фаъъол сохтааст ва ҳамакнун интиқоли ин маводди сӯхт барои муштариён дар шаҳри Кӯлоб низ оғоз хоҳад шуд.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикстон беш аз се триллион метри мукааб газ ва ҳудуди 200 миллион тонна нафт захира дорад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳамасола аз Узбакистон ҳудуди 600 миллион метри мукааб гази табиъиро бо қимати 145 доллар барои ҳар ҳазор метри мукаъъаб газ, бо мушкилоти зиёде харидорӣ мекунад.

Ба қавли коршиносон, ҷониби Узбакистон аз гази табиӣ ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода мекунад ва ҳар вақт, ки хоҳад интиқоли он ба Тоҷикистонро қатъ мекунад ва ё қимати онро меафзояд.

Коршиносон инчунин бар ин назаранд, ки Узбакистон дар 3 соли ахир нархи ҳар 1000 метри мукааб газро барои Тоҷикистон аз 55 доллар то ба 145 доллар афзудааст, ки боиси варшикастагии қисмати аъзами корхонаҳои саноъатӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Имсол низ, бино бар иттилоъи ширкати «Тоҷикгаз», Узбакистон қимати газашро мехоҳад афзоиш диҳад, барои ҳамин ҳам ҳануз ин ду кишвар сари нархи он ба тавофуқ нарасиданд.

Ба эътиқоди коршиносон истихроҷи гази худӣ бастагии Тоҷикистон ба гази Узбакистонро коҳиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG