Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи додгоҳи омӯзгори мисрие, ки шогирдашро кушт


Додгоҳи Миср ба муҳокимаи парвандаи омӯзгоре шурӯъ кард, ки шогирди 11-солаашро ба далели тайёр накардани вазифаи хонагӣ то мурданаш задааст. Ҳалокати ин кӯдак, ки моҳи октябр дар яке аз макотиби миёнаи шаҳри Искандария рух дод, дар Миср мавҷи эътирозот ва интиқодот аз низоми маорифи кишварро барангехт. Интизор меравад, вазири маорифи Миср низ ба ҳайси шоҳид ба додгоҳ даъват шавад.
XS
SM
MD
LG