Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар бозори "Пражская"-и шаҳри Маскав


Мақомоти милисаи Русия мегӯянд, таркиши рӯзи шанбе дар даромадгоҳи бозори воқеъ дар назди истгоҳи метрои “Пражская” дар шаҳри Маскав 5 нафарро захмӣ барҷой гузошт. Сухангӯи пулис Виктор Бирюков гуфт, инфиҷор дар яке аз фурӯшгоҳҳои ин бозор рух додааст. Бирюков аз гуфтани омилони эҳтимолии таркиш ва ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ кард, вале бозорҳои Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия то кунун чандин бор ҳадафи ҳамалоти террористӣ ва инфиҷорҳое қарор доштаанд, ки одатан бар асари рақобати байни гурӯҳҳои ҷиноӣ иттифоқ меуфтанд.
XS
SM
MD
LG