Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти раҳоии афсарони ироқӣ аз боздошт


Вазорати умури дохилаи Ироқ гуфт, афсарони ироқие, ки бо иттиҳоми мусоидат ба терроризм боздошт шуда буданд, озод ва иттиҳоми алайҳи онҳо эълоншуда лағв шудааст. Сухангӯи ин вазорат генерал Абдулкарим Халаф гуфт, “акнун онҳое, ки ин афродро муттаҳам мекарданд, худ ба масъулият кашонида хоҳанд шуд.”: “Онҳоро озод карданд ва иншоаллоҳ, ки алакай ба хонаҳои худ баргаштанд. Онҳо афсарони пуркор, ҳирфаӣ ва ватандӯстанд ва ба ҷойи кори пешини худ бо сари баланд бармегарданд. Вазорати умури дохила ин афсаронро сафед кард, ба онон эҳтиром қоил хоҳад буд.” Мақомоти Ироқ рӯзи панҷшанбе эълон карданд, ки 23 афсари баландпояи вазорати дохиларо бо иттиҳоми таҳияи табаддулот алайҳи давлати сарвазир Нурӣ Моликӣ ва талоши эҳёи дубораи ҳизби дар даврони Саддом Ҳусайн ҳокими Баъс боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG