Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба соҳили Сомалӣ киштии ҷангӣ фиристод


Радиои давлатии Эрон хабар дод, ки ин кишвар ба хотири аз ҳамлаи раҳзанони баҳрӣ дифоъ кардани киштиҳояш ба соҳилҳои кишвари африқоии Сомалӣ як киштии ҷангӣ фиристодааст. Киштии ҷангии Эрон дар ин обҳои барои ҳаракати киштиҳо хатарнок ба суфуфи киштиҳои Амрикову Русия ва чанд кишвари дигар хоҳад пайваст, ки низ ба хотири таъмини амнияти киштиҳои боркаш дар халиҷи Адан шино мекунанд. Роҳи канали Суетс, ки кӯтоҳтарин масир байни Осиё ва Аврупову Амрикост, маҳз аз халиҷи Адан мегузарад, вале танҳо дар соли ҷорӣ дар ин халиҷ беш аз 30 киштӣ ҳадафи ҳамлаи раҳзанони баҳрӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG