Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи эъзоми нерӯҳои ИМА ба Афғонистон


Д. Маккирнан ва Р. Гейтс, 11-уми декабр, Кандахор

Д. Маккирнан ва Р. Гейтс, 11-уми декабр, Кандахор

Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс барномаи эъзоми нерӯҳои ҷангии ҳавоӣ ба Афғонистонро тасвиб кардааст.

Ба таъйиди мақомоти низомии ИМА, ин бригадаи ҷангии Амрико иборат аз тақрибан 2800 сарбоз ва муҷаҳҳаз бо чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар баҳори соли оянда дар Афғонистон мустақар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барномаи истиқрори нерӯҳои изофии Амрико дар Афғонистон ҳанӯз ба таври расмӣ эълон нашудааст.

Бино бар гузориши хабаргузории «Ройтерс», ин бригада ҷузъе аз 20 000 сарбози изофие хоҳад шуд, ки генерал Девид Маккирнан, фармондеҳи аршади нерӯҳои ИМА ва паймони низомии NATO дар Афғонистон, ба хотири фурӯ нишондани оташи муқовиматҳои афзояндаи ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» дар вилоёти шарқ ва ҷануби Афғонистон дархост карда буд.

Роберт Гейтс, ки 11-уми декабри соли равон аз Қандаҳори Афғонистон дидор карда буд, дар ҷараёни он сафар перомуни ирсоли нерӯ ва захоири бештаре ба он кишвар таъаҳҳуд супурд ва аз ҷумла гуфт: “Мо хеле умедворем, ки баъд аз моҳи январ то поёни фасли баҳор ду бригадаи изофии ҷангӣ бифиристем. Фикр мекунам, як ҷузъи муҳимми дархости генерал Маккирнан нерӯҳои ёрирасон, аз ҷумла нерӯҳои ҷангии ҳавоист, ки метавонист хеле кумак кунад”.

Масъалаи ба Афғонистон фиристодани боз 2 бригадаи дигари артиш дар дасти омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.

Шумори асокири амрикоӣ дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир беш аз 30 000 буда, бархе аз воҳидҳои низомии ИМА дар ҳайъати нерӯҳои байнулмилалии таъмини амнияти Афғонистон (ISAF) амал мекунанд, ки умури фармондеҳиашро паймони низомии NATO бар уҳда дорад.

Ҷамъи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар марҳалаи кунунӣ қариб ба 70 000 нафар мерасад. Хабари омодагии Пентагон барои ирсоли нахустин бригадаи изофии ҷангӣ ба Афғонистон дар ҳоле нашр шуд, ки бархе кишварҳои узви паймони низомии NATO ба бознигарии таъаҳҳудоти худ дар қиболи Афғонистон пардохтаанд.

19-уми декабр, порлумони Ҷумҳурии Чех барномаи пешниҳодии афзоиши шумора ва тамдиди замони маъмурияти нерӯҳои чехии мустақар дар Афғонистонро радд кард. Ҷумҳурии Чех дар ҳайъати нерӯҳои таҳти фармони NATO дар Афғонистон тақрибан 500 сарбоз дорад ва дар чаҳорчӯби барномаи Амрикову NATO ба хотири фурӯ нишондани оташи муқовимати ҷангиёни «Толибон» мехост ба он кишвари ҷангзада 200 сарбози изофӣ бифиристад, вале порлумони кишвар инро радд кард.

Бо ин ҳол, хабарҳои расида аз Афғонистон ҳокии афзоиши ҳамалоти чирикиҳо алайҳи асокири хориҷианд. Танҳо дар рӯзи ҷумъаи ахир боз 4 сарбози NATO дар Афғонистон кушта шуданд. Се сарбози даниягӣ бар асари ба мина бархӯрдани мошини зиреҳпӯшашон дар вилояти Ҳилманд ба ҳалокат расидаанд. Инфиҷори чунин бомб дар вилояти Урузгон низ мунҷар ба ҳалокати як сарбози ҳуландӣ ва ҷароҳат бардоштани як нафари дигар шуд.

Танхо дар соли 2008 дар Афғонистон беш аз 280 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд. Бахши аъзами асокири хориҷии кушташуда сарбозони Амрико будаанд.

XS
SM
MD
LG