Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони ироқиро аз ҳабс раҳо карданд


Вазорати умури дохилаи Ироқ гуфт, афсарони ироқие, ки бо иттиҳоми мусоидат ба терроризм боздошт шуда буданд, озод ва иттиҳоми алайҳи онҳо эълоншуда лағв шудааст. Сухангӯи ин вазорат генерал Абдулкарим Халаф ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, “боздоштшудагон афсарони ватандӯст будаанд ва акнун онҳое, ки ин афродро муттаҳам мекарданд, худ ба масъулият кашонида хоҳанд шуд.” Мақомоти Ироқ рӯзи панҷшанбе эълон карданд, ки 23 афсари баландпояи вазорати дохиларо бо иттиҳоми таҳияи табаддулот алайҳи давлати сарвазир Нурӣ Моликӣ ва талоши эҳёи дубораи ҳизби дар даврони Саддом Ҳусайн ҳокими Баъс боздошт кардаанд. Аммо алакай рӯзи ҷумъа вазири дохилаи Ироқ Ҷавод Бӯлонӣ иттиҳомоти эълоншуда алайҳи афсарони боздоштшударо сохта ва бебунёд номид.
XS
SM
MD
LG