Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Артиши Туркия ба узрхоҳӣ аз арманиҳо


Ситоди умумии артиши Туркия имрӯз мухолифати худро ба маъракаи интернетии узрхоҳӣ барои куштори садҳо арманӣ дар давраи Ҷангои ҷаҳонии аввал изҳор дошт. То ҳол зиёда аз 14 ҳазор турк ба номаи маъзарат имзо кардаанд. Сухангӯи Ситоди умумии артиши Туркия Матин Дурак гуфт, ин кори хубе нест ва мумкин аст ба эътибори Туркия дар оянда зарба занад. Маъракаи узрхоҳии интернетӣ рӯзи душанбе бо талоши як гурӯҳ журналистон ва фарҳангиёни Туркия оғоз ёфт. Ин маъракаро сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG