Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди НАТО ва Русия идома хоҳад кард


НАТО ва Русия қарор аст, имрӯз гуфтушуниди сатҳи олиро аз сар гиранд. Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер ва сафири Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин дар як зиёфати шоми ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард. НАТО ин гуфтушунидҳоро пас аз як ҷанги кӯтоҳ, аммо пурмоҷарои Русия ва Гурҷистон дар моҳи август барои минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ қатъ карда буд.
XS
SM
MD
LG