Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯраҷонзода салафиҳоро ба Толибон монанд кард


Узви Маҷлиси Миллӣ ва яке аз рӯҳониёни шинохташудаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зуҳури салафиҳои тоҷикро ба аввалин қадами толибони афғон мушобеҳ номид. Вай гуфт, хатари онҳоро барои ҷомеа дар ҳоли ҳозир ночиз, аммо агар фурсат аз даст дода шавад дар оянда ҷиддӣ хоҳад гашт. Ин нуктаро Тӯраҷонзода дар конфаронси байнулмилалии низоъҳои байнимаҳзабӣ имрӯз дар Душанбе изҳор дошт. Вай афзуд, толибон ҳам дар оғоз аз ҳукумат пуштибонӣ мекарданд ва ҳадафашон мубориза бо дузду ғоратгарон буд. Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон салафиҳоро инчунин ба ваҳҳобиҳои оғози солҳои 90-уми кишвар низ ташбеҳ дод, вале изофа кард, онҳо дар тафовут бо салафиҳо дар хориҷи мамлакат омода нашуда, таҳти таъсири адабиёти мазҳабии хориҷӣ зуҳур карда буданд.
XS
SM
MD
LG