Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти барқи Тоҷикистон-Афғонистонро Ҳинд хоҳад сохт


Иттиҳодияи "Барқи тоҷик" сохтмони хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро ба ширкати KEC International-и Ҳиндустон фармоиш дод. Ин тарҳ наздик ба 17 миллион доллар арзиш дошта, аз тарафи Бонки Осиёии Рушд сармоягузорӣ хоҳад шуд. Ширкати ҳиндӣ гуфтааст, иҷрои тарҳро дар якуним сол ба итмом хоҳад расонд. Тарҳи нав на танҳо бунёди хатти барқи 220 киловатӣ, балки сохтмони ду хатти изофагиро низ дар бар мегирад. Бо эълони ин хабар саҳмияҳои ширкати KEC International дар бозор бурси Мумбай 2,25 дарсад боло рафтанд.
XS
SM
MD
LG