Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои бошгоҳи варзишии «Лочин»


Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои бошгоҳи варзишии «Лочин» оид ба бокс байни ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои ҳаштумин бор дар маҷмаъаи варзишии «Юбилейний» доир гардид, 72 варзишгар аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Муштзанҳои тоҷик Ҷамшед Исоев (дар вазни то 51 кг), Алишер Масобиров (то 54 кг), Баҳриддин Ғиёсов (то 60 кг), Наврӯз Ҷафоев (то 64 кг), Муродҷон Муродов (то 75 кг), Мумтоз Тоҷибоев (то 81 кг) ва Далер Шарифов (+91 кг) дар рақобатҳои ниҳоӣ мувофиқи вазни худ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар ду вазн меҳмонон - Мирсаид Қулдошеви қирғиз (то 48 кг) ва Нурбалад Туктибоеви қазоқ (то 69 кг) - пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG