Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Кабирӣ аз матлаби «Ҷумҳурият»


Pаиси ҲНИТ аз нашри номаи гурӯҳии Иттиҳоди тоҷикистони Русия дар рӯзномаи ҳукуматии «Ҷумҳурият» изҳори нигаронӣ кард.

«Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҷумҳурии Тоҷикистон дар тозатарин шумораи худ аз 18 декабр номае зери имзои раиси Иттиҳоди тоҷикистони Русия, Абдулло Давлатов ва тақрибан 20 нафар аз аъзои баландмақоми ин Иттиҳодро ба нашр расонид, ки дар он назари танқидии муаллифон ба сафари ахири Муҳиддин Кабирӣ ба Русия баён шуда буд. Дар нома натиҷаи сафари Кабирӣ ба Русияро дилсиёҳӣ ва иғвоангезӣ номидаанд ва ба сӯҳбатҳои Кабирӣ бо расонаҳо пас аз сафараш эрод гирифтаанд. Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбатҳои худ бо расонаҳо пас аз сафараш созмонҳои ҷамъиятии тоҷикии Русияро бо он ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят намекунанд, айбдор карда буд. Посухи раҳбарони Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия як ҳафта қабл дар нашрияи хусусии «СССР» чоп шуда буд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри ин нома дар ҳафтаномаи хусусиро мефаҳмад, чун матбуот озод аст ва ҳар нашрияи хусусӣ метавонад мавқеъи худро дошта бошад. Ӯ гуфт, аммо аз бознашри ин нома дар рӯзномаи расмӣ нигарон аст, чун мавқеъи рӯзномаи расмӣ ин мавқеъи расмии ҳукумат талаққӣ мегардад.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, «ҷойи нигаронӣ он аст, ки расонаҳои ҳукуматӣ ба ҷойи он ки сиёсати созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа пеш бигиранд, ба иғвоандозӣ ва нашри тӯҳматномаҳо мепардозанд.»

Раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон гуфт, ӯ ин масъаларо дар Маҷлиси Намояндагон хоҳад бардошт, то Порлумон ба сафари вакилаш ба Русия ва вокунишҳо ба он баҳо бидиҳад.
XS
SM
MD
LG