Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русия ва Гурҷистон натиҷаи чандоне надод


Миёнравҳои байналмиллалӣ мегуянд, ҳайатҳои Русия ва Гурҷистон дар севвумин даври музокироти худ дар Женев барои ҳали масъалаҳои амниятӣ ва сарнавишти паноҳҷуёни ҷанги моҳи августи миёни ин ду кишвар пешравии чандоне надошатаанд. Музокироти дурӯзаи онҳо бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА рузи панҷшанбе ба поён расид. Амрико низ ба ин музокирот намояндаи худро фиристода буд. Пиэр Морел-намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар ин музокирот гуфт, гуфтушунуди ҷонибҳо "рӯҳияи мусбат" доштааст ва роҷеъ ба масъалаҳои фаннӣ баъзе пешрафтҳо ба даст омадааст.

XS
SM
MD
LG