Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия дар соли 2008 149 ҷосус боздошт кардааст


Раиси Хадамоти Амнияти Федеролии Русия мегуяд, ки дар соли 2008 149 ҷосусро, ки барои кишварҳои дигар кор мекардаанд, боздошт кардаанд. Александр Бортников гуфтааст, дар миёни ҷосусони боздоштшуда "шабакаи ҷосусони хадамоти махсуси Гурҷистон" низ будаанд, ононе, ки моҳи август Русия барои муддати кутоҳ бар зидди онҳо вориди даргирӣ шудааст. Ба гуфтаи Александр Бортников, дар ин ҳалқаи ҷосусон яқ мақоми аршади хадамоти ҷосусии Гурҷистон ва 5 рус низ ҳастанд. Русҳо ба хадамоти вижаи Гурҷистон маълумоти маҳрамро додаанд ва барои хиёнат маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG