Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: кудато ё ҳамла ба мухолифин?


Мухолифини ал-Моликӣ берун аз ҳукумат ҳам ҳастанд

Мухолифини ал-Моликӣ берун аз ҳукумат ҳам ҳастанд

Мақомоти Ироқ то ҳанӯз сабабу ангезаҳои боздошти 23 корманди масъули вазоратҳои умури дохила ва дифоъро расман шарҳ надодаанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, мақомоти Ироқ ин боздоштшудагонро дар узвият ба ҳизби махфии “ал-Авдо” (“Бозгашт”) муттаҳам мекунад – гуфта мешавад, ки ин ниҳод дар пояи ҳизби БААС таъсис шудааст, ки замони қудрати Саддом Ҳусейн ҳизби ҳукмрони Ироқ буд ва феълан ҳизби мамнӯъ мебошад.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки бештари боздоштшудаҳо дар вазорати умури дохила соҳибмақом буданд ва фаъъолияти пулису амнияти дохилиро назорат мекарданд. Як мақоми ироқӣ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки амалиёти вижа алайҳи ин афрод се рӯз идома дошт ва ҳама дастгиршудагон қасди сарнагун кардани сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликиро доштанд. Ба иттилоъи ин манбаъ, миёни боздоштшудагон генерал Аҳмад Абу ар-Риф, раҳбари бахши амниятии вазорати умури дохила, низ ҳаст.

Ҳамсуҳбати «Франс пресс» ҳам таъйид кардааст, ки боздоштшудаҳо бо ҳизби “Ал-Авдо” робита доштанд ва мехостанд ҳизби БААС-ро дубора сари қудрат оранд.

Вале дар ҳамин ҳол, намояндаи вазорати умури дохилаи Ироқ генерал-майор Абд-ул-Карим Халаф иттилоъ дар бораи талоши таҳияи кудато алайҳи ҳукумати сарвазир Ал-Моликӣ ва тавассути пулу мол ба сафи ҳизби БААС ҷалб шудани ходимони давлатиро таъйид накард. Ӯ гуфт, ки феълан бозпурсии афроди боздоштшуда идома дорад.

Моҳи гузашта генерал Абд-ул-Карим Халаф ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ал-Авдо” ба барангехтани низоъ дар қаламрави кишвар машғул аст.

Имрӯз нашрияи “Ню-Йорк Таймс” бо такя ба як мақомоти вазорати умури дохилаи Ироқ навишт, ки зимни амалиёт пулис аз боздоштшудаҳо маблағи бузургеро мусодира кардааст ва ин як далели додани ришват ба хотири ҷалби амалдорон ба ҳизби БААС мебошад. Ба навиштаи рӯзнома, мунаққидони ал-Моликӣ сарвазирро дар таъқиби рақибони сиёсияш ба хотири пирӯзӣ дар интихоботи маҳаллии моҳи январ муттаҳам мекунанд. Аз сӯи дигар, меафзояд нашрия, сарвазири Ироқ, ки худ замоне мавриди таъқиби ҳизби БААС қарор дошт, соли равон аъзои ин ҳизбро дубора ба идораи давлат ҷалб кард ва маҳз бо ибтикори Нурӣ ал-Моликӣ Шӯрои президентии Ироқ тарҳи қонунеро пазируфт, ки тибқи он аъзои қатории ҳизби БААС ҳаққи дубора дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии Ироқ ширкат карданро пайдо намуданд.

Ҳадаф аз ин ибтикор, мегӯянд коршиносон, ба ҳам овардани ҷомиъаи аз ҳам пошидаи Ироқ баъд аз шурӯъи ҷанг дар кишвар буд.

Тасмими нахустини Вошингтон баъди шурӯъи амалиёти низомӣ дар Ироқ дар мавриди пароканда кардани артиши Ироқ ва аз ҳама мақомҳо дур кардани аъзои БААС буд, ки бар асари он теъдоди бузурги афсарон ва ҳазорон муаллимону устодони донишгоҳ ва кормандони идораҳои давлатӣ бекор монданд. Ва маҳз ҳамин тасмим, ба гуфтаи коршиносон, боъиси хурӯҷи ошӯби густардаи зидди нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ шуда буд.

Мақомоти расмии Ироқ изҳори итминон мекунанд, ки интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар моҳи январи соли оянда орому осоишта сурат мегирад. Ва аммо вазъи сиёсӣ дар Ироқ хеле печида аст ва бо наздикшавии интихобот сару садоҳо дар бораи кудато ва суиқасдҳо ҳарчи бештар паҳн мешаванд.
XS
SM
MD
LG