Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия имсол 149 ҷосусро боздошт кардааст


Раҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия( ФСБ) гуфтааст, ки имсол дар Русия 149 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷӣ боздошт шудаанд. Александр Бортников гуфт, дар шумули боздоштшудагон шабакаи ҷосусие ҳам ҳаст, ки барои хадамоти вижаи Гурҷистон фаъолият дошт. Байни Русияву Гурҷистон дар моҳи август ҷанги кӯтоҳе сар зад ва ба дунбол, Маскав аз боздошти чандин ҷосуси гурҷӣ дар қаламраваш хабар дод. Бортников гуфт, яке аз боздоштшудагон афсари баландпояи хадамоти ҷосусии Гурҷистон буда, 5 тани дигар атбоъи Русияанд, ки ба хиёнат ба ватан ва ифшои асрори давлатӣ ба Тифлис айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG