Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зайдӣ аз Моликӣ маъзарат ва афви гуноҳ хостааст


Дафтари сарвазири Ироқ гуфт, хабарнигори ироқие, ки рӯзи якшанбе дар Бағдод кафшҳои пояшро ба сӯи раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд, аз сарвазир Нурӣ Моликӣ барои дар чашми ҷаҳон хандахариш кардани ӯ маъзарат хостааст. Мушовири сарвазир гуфт, Мунтазир Зайдӣ ҳамчунин хоста, ки ӯро афв кунанд. Зайдӣ рӯзи якшанбе дар нишасти муштаракии хабарии Ҷорҷ Буш ва Нурӣ Моликӣ дар Бағдод кафшҳои пояшро алайҳи Буш ҳаво дода, дар як они воҳид номдор шуд. Кохи Сафед гуфтааст, ки Буш аз ин ҳодиса парвои чандоне надорад ва худи мақомоти ироқӣ бояд тасмим бигиранд, ки он хабарнигорро муҷозот мекунанд ё хайр. Дар Ироқ бо талаби раҳоии Мунтазир Зайдӣ чанд раҳпаймоии эътирозӣ низ доир шуд.
XS
SM
MD
LG