Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ 23 афсар боздошт шудаанд


Мақомоти Ироқ мегӯяд, беш аз 20 тан аз афсарони вазорати умури дохилаи Ироқ бо иттиҳоми талоши эҳёи дубораи ҳизби дар даврони Саддом Ҳусайн ҳокими Баъс боздошт шудаанд. Карим Халаф, сухангӯи вазорати дохилаи Ироқ имрӯз гуфт, тайи чанд рӯзи охир 23 нафаре боздошт шуданд, ки бовар меравад, ба гурӯҳи Ал-Авдо марбутанд. Ин гурӯҳ дар талоши эъмори дубораи ҳизби Баъс муттаҳам мешавад. Як мақоми дигари вазорати дохилаи Ироқ гуфт, боздоштшудагон шояд ба хотири аз байн бурдани далоили фаъолиятҳои худ талош доштаанд, сохтмони ин вазоратро бисӯзонанд. Матбуоти ғарбӣ имрӯз хабар дод, ки як воҳиди вижаи мубориза алайҳи терроризм, ки мустақиман ба сарвазири Ироқ нурӣ Моликӣ итоат мекунад, то 35 мансабдорро бо иттиҳоми таҳияи табаддулот алайҳи давлати Моликӣ боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG