Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни вабо дар Зимбабве 1111 нафар шуд


СММ мегӯяд, шумори қурбониёни бемории кушандаи вабо дар кишвари африқоии Зимбабве болиғ аз 1000 нафар шуда, ин маризӣ ҳамчунон дар ҳоли густариш будааст. Дафтари ҳамоҳансози кӯмакҳои башарии СММ шумори ҳалокшудагон аз бемори вабо дар Зимбабверо дуруст 1 111 нафар ва ҷамъи гирифторон ба ин маризӣ дар он кишварро 20 581 нафар гуфта, камбуди оби поки ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштиро иллати аслии буруз ва густариши вабо дар Зимбабве номидааст.
XS
SM
MD
LG