Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия 30 фаъоли Ал-Қоида боздошт шуданд


Пулиси Туркия 30 нафарро бо иттиҳоми иртибот бо шабакаи Ал-Қоида боздошт кардааст. Хабаргузории туркии Анатолия мегӯяд, 15 нафар дар Истамбул ва 15 тани дигар дар манотиқи дигари Туркия рӯзи чоршанбе боздошт шуданд. Бахши туркии Ал-Қоида дар соли 2003 масъулияти ҳамалоти пурқурбонӣ алайҳи ду канисаи яҳудиён ва консулхонаву як бонки Бритониё дар Истамбулро бар дӯш гирифта буд. Дар он ҳамалот 63 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG